Подкасти ДАСТАРХОН | Тизер
Episode description
Аввалин подкасти муаллифии худро бо номи «Дастархон» сабт кардам. Подкаст ба забони тоҷикӣ буда, шояд аз аввалин подкастҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон бошад, зеро то ин дам подкастҳо сирф ба забони русӣ пахш мешуданд. Ба тоҷикӣ низ пешкаш кардани подкасти банда низ маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад, ки дар ин бора дар оғози подкасти худ ҳарф хоҳам зад. Дар бораи чаро «Дастархон» ном ниҳодани ин подкаст низ ҳатман маълумот хоҳам дод!
Аз ин рӯ, моро пайгирӣ кунед, чун дар пеш шуморо суҳбатҳои муҳиму ҷолиб бо нафарони шинохта интизор аст!
P.S. Ҳоло бароятон тизери мухтасари подкасти «Дастархон»-ро ин ҷо пешкаш мекунам. Ҳарчанд воҳимааш зиёд аст, хоҳиш, ки натарсед! Вақте подкасти маро мешунавед, бароям фикру назари шумо доир ба муҳтавои он хеле муҳим аст!
